Сентябр 02, 2017 12:59 Asia/Dushanbe
  • Шикояти 62 созмони ҳуқуқи башар аз ҷиноёти Арабистон дар Яман

Эътилофи байналмилалии созмонҳои ғайридавлатии ҳуқуқи башар аз Созмони Милали Муттаҳид хост, бо ташкили кумитаи мустақили таҳқиқ, ба ҷиноёти ҷангӣ ва нақзи ҳуқуқи башари режими Арабистон дар Яман расидагӣ кунад.

Ба гузориши торнамои рӯзномаи фаронсавии “Ла Монд”, эътилофи байналмилалии 62 созмони ғайридавлатии ҳуқуқи башар дар номае ба намояндагони доими кишварҳои узв ва нозири Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар бораи куштори ғайринизомиён дар ҳамлаи нерӯҳои Арабистон ба Яман ва низ густариши бемории вабо ва қаҳтии ношӣ аз ин ҳамалот ҳушдор доданд.

Ду созмони Афви Байналмилал ва Дидабони Ҳуқуқи Башар аз имзокунандагони ин нома ҳастанд.

 62 узви эътилофи байналмилалии созмонҳои ғайридавлатии ҳуқуқи башар ҳамчунин аз мамониати ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ба манотиқи осебдида, ба вижа шимоли ғарби Яман ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ин эътилоф ҳамла ба мадрасаҳо, бемористонҳо, бозорҳо ва хонаҳо дар Санъо, пойтахти Яманро ҷинояти ҷангии режими Арабистон хонда ва онро маҳкум кардааст.

Аз оғози таҷовузи низомии режими Арабистон ба Яман то кунун дастикам 10 ҳазор ғайринизомии яманӣ, аз ҷумла занон ва кӯдакони бедифоъ кушта шудаанд.

 

Барчасп