Сиёсатҳои Иморот дар чорчӯби манофеи режими саҳюнистӣ
(last modified Sat, 02 Sep 2017 12:56:54 GMT )
Сентябр 02, 2017 17:56 Asia/Dushanbe
  • Сиёсатҳои Иморот дар чорчӯби манофеи режими саҳюнистӣ

Ноиби раиси Ҷунбиши исломии Фаластин фош кард, Иморот дар чорчӯби манофеи режими саҳюнистӣ ба хариди амлоки сокинони Қудси ишғолӣ иқдом кардааст.

Камол Хатиб, ноиби раиси Ҷунбиши исломии Фаластин дар гуфтугӯ бо рӯзномаи "Ал Шарқ"-и Қатар таъкид кард, бархе ширкатҳо ва ҷамъиятҳои иморотӣ, ба нафи режими саҳюнистӣ, амлоки сокинони шаҳри Қудс ба хусус хонаҳои наздики Масҷид-ул-Ақсоро харидорӣ мекунанд ва ҳадаф аз ин кор тақвияти ҳузури ин режим дар Фаластин ва саҳюнистсозии Қудс аст.

Вай тасреҳ кард, Иморот дар солҳои гузашта фаъолияти зиёде дар Қудс доштааст, ки намуна он, додани ифторӣ ба бархе гурӯҳҳо дар Қудс, дар моҳи Рамазон буд, аммо баъд аз инки мардуми Фаластин аз нақшаи Иморот ва хариди амлок ба нафъи Исроил, ошоҳ шуданд, ин суфраҳои ифториро таҳрим карданд.

Камол Хатиб бо баёни ин ки мардуми Фаластин гуруснагиро ба пулҳое, ки барои хариди заминҳои Қудс пардохт мешавад, тарҷеҳ медиҳанд гуфт, фаластиниҳо Иморотро манбаи фитна дар кишварҳои исломӣ медонанд ва аз ин кишвар, ки ҳомии куштори мусулмонон дар кишварҳои арабӣ аст, ибрози инзиҷор мекунанд.

Ин масъули фаластинӣ бо ишора ба даргириҳои моҳи гузашта дар Масҷид-ул-Ақсо ва бастани дарҳои ин масҷид ба рӯи фаластиниён аз сӯи Исроил афзуд, ин режим, қабл аз насби гузаргоҳҳои электронӣ дар Масҷид-ул Ақсо гуфта буд, ин кор бо ҳамоҳангии Арабистон, Урдун ва Миср анҷом гирифтааст.