Фавти як ҳоҷӣ бо либоси эҳром ва дар ҳоли саҷда + видео
(last modified Sun, 03 Sep 2017 09:40:22 GMT )
Сентябр 03, 2017 14:40 Asia/Dushanbe

Нерӯҳои амниятии Саудӣ бо пайкари як ҳоҷӣ бархурд карданд, ки бо либоси эҳром ва дар ҳоли саҷда, дар замони адои маносики ҳаҷ аз дунё рафта буд.

Ном ва ҳуввияти ин ҳоҷӣ мушаххас нашудааст ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо аз Худованд хостаанд, ки ҳаҷҷи ӯро қабул ва оқибати онҳоро монанди оқибати ин ҳоҷӣ хатми ба хайр гардонад.

Ин дар ҳолест, ки сайти "Тоҷикистон таймс" хабар дод, ки як вакили собиқи порлумони Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд дар маросими ҳаҷҷи имсола дар Макка даргузаштааст. Наздикони ин фард гуфтаанд, ки Домуллоҷон Ҷабборов рӯзи 1-уми сентябр дар 64-солагӣ дунёро падруд гуфт.

Ҷабборов дар тӯли солҳои 2010 – 2015 узви Маҷлиси Намояндагон буд. Аз ин пеш дар ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Аммо ин видео то куҷо метавонад бо ҳоҷии даргузаштаи тоҷик иртибот дошта бошад, ҳанӯз мушаххас нашудааст. 

Дар маросими ҳаҷҷи соли гузашта низ се зоири тоҷик ҷон дода буданд. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки Арал Шукурови 61-сола, Сарабек Маҳмадови 62-сола ва Ҳикоят Ашӯрова, сокини ноҳияи Ҳисор даргузаштанд.

Имсол барои зиёрати Каъба беш аз шаш ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Макка рафтаанд.