Сентябр 11, 2017 16:56 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии маъруфтарин навҷавони одамкуши диишӣ дар Сурия

Шибҳинизомиёни Нерӯҳои мудофеи халқ дар шимоли Сурия эълом карданд, навҷавонеро, ки дар урдугоҳҳои низомии ДИИШ омӯзиш дида буд ва иқдом ба сар буридани нерӯҳои артиши Сурия ва мардуми ин кишвар мекард, дастгир кардаанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Ал-Олам”, ин навҷавони диишӣ, ки Муҳаммадалӣ Мӯсо ном дорад, дар ҳоле боздошт шуд, ки дар рустое дар наздикии шаҳри Раққаи Сурия захмӣ шуда буд.

Ин навҷавон, ки акнун дар зиндони Нерӯҳои мудофеи халқи шимоли Сурия ба сар мебарад, ба сар буридани нерӯҳои артиши Сурия ва куштани шаҳрвандони сурӣ ва ироқӣ эътироф кардааст.

 Муҳаммадалӣ Мӯсо мутаваллиди соли 2002 аст ва замоне, ки донишомӯзи синфи панҷум буд, ба дасти ДИИШ афтод ва дар урдугоҳи Абумусъаб аз-Зарқови, ки ба маҳалли парвариши кӯдакони давлати хилофат маъруф буд, омӯзиш дидааст.

 Ин навҷавони диишӣ ҳамчунин омӯзишҳои лозимро барои истифода аз аслиҳаҳои мухталиф дидааст ва тавони истифода аз онҳоро дорад.

 Нерӯҳои мудофеи халқи Сурия изҳор доштаанд, ин навҷавон баъд аз гузарондани давраи мудово аз аъмол худ пушаймон буда ва гуфтааст, мехоҳам ба рустои худам баргардам.

 

Барчасп