Сентябр 15, 2017 18:09 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқ бар сари шаҳри Идлиби Сурия дар шашумин нишасти Остона

Эрон, Русия ва Туркия дар бораи марзҳои минтақаи бидуни таниш дар Идлиб, шимоли Сурия ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши хабаргузории “Анадолу”-и Туркия, тарафҳои ширкаткунанда дар шашумин даври музокироти Остона дар пойтахти Қазоқистон рӯзи ҷумъа дар бораи марзҳои минтақаи бидуни танишу хушунат дар вилояти Идлиб, шимоли Сурия ба тавофуқ расиданд. Ин чаҳорумин тавофуқ дар минтақаи коҳиши таниш дар Сурия аст, ки бо миёнҷигарии Эрон, Русия ва Туркия ба саранҷом расидааст. Пеш аз ин се минтақаи амн дар манотиқи Даръо, Қунайтара, ҷанубу ғарб, Ғутаи Шарқии вилояти Рифи Димишқ ва Ҳумс, ғарби Сурия эҷод шуда буд. Идлиб дар ҳоли ҳозир дар контроли эътилофе аз мухолифони мусаллаҳи сурӣ аст, ки саркардагии онҳоро гурӯҳи террористии “Ҷабҳат-ун-нусра”؟ шохае аз гурӯҳи террористии “ал-Қоида” ба уҳда дорад.

Дар баёнияи шашумин нишасти Остона барои ҳалли буҳрони Сурия аз тарафҳои даргир дар ин кишвар хоста шуд, боздоштшудагонро озод кунанд. Ин тавофуқ шашмоҳа аст ва имкони тамдид он низ вуҷуд дорад. Шашумин нишасти Остона аз рӯзи панҷшанбе барои ҳалли буҳрони Сурия дар пойтахти Қазоқистон оғоз шудааст. Намояндагони Ҳукумати Сурия, гурӯҳи мавсум ба “Артиши озод” ба намояндагоне аз мухолифони Сурия, вазири умури хориҷии Қазоқистон ба унвони мизбон, ҳайате аз Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагони чанд кишвари нозир дар шашумин даври музокироти Остона ширкат доранд.