Сентябр 23, 2017 18:01 Asia/Dushanbe
  • Талоши пулиси Исроил барои коҳиши иттиҳомоти Натаняҳу

Дар ҳоле, ки қарор аст, таҳқиқот дар бораи парвандаҳои фасоди Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ пас аз аъёди яҳудӣ бори дигар оғоз шавад, пулиси Исроил талош ме‎‏кунад аз шумори иттиҳомоти Натаняҳу бикоҳад.

Ба гузориши рӯзи шанбеи Маркази иттилоърасонии Фаластин ба нақл аз шабакаи “даҳум”-и телевизиони режими саҳюнистӣ, Додситони кулл ва пулиси ин режим дар бораи иттиҳомоти Натаняҳу дучори ихтилоф шуданд.

Дар ҳоле, ки Додситони кулли Исроил дар садади муттаҳам кардани Натаняҳу ба шикастани эътимод бо истинод ба иттиҳомоти тарҳ шуда дар мавриди вай аст, пулиси ин режим тавсия кардааст, сирфан иқдоми Натаняҳу ба дарёфти ришва мавриди расидагӣ қарор гирад.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи “даҳум”-и телевизион режими саҳюнистӣ эълом кард, таҳқиқот дар бораи яке аз парвандаҳои фасоди Натаняҳу (мавзуи зердарёиҳои Делфин), пас аз поёни аъёди яҳудӣ бори дигар оғоз хоҳад шуд.

Дар ҳамин росто, канал “ҳафт”-и телевизиони режими саҳюнистӣ низ рӯзи сеюми сентябри 2017, аз боздошти шаш муттаҳам дар парвандаи хариди зердарёиҳои Делфин аз Олмон, тавассути кобинаи Натаняҳу хабар дод. Дар байни боздоштшудагон раиси дафтари пешини Натаняҳу ва ҳамчунин Benjamin Ben Eliezer, фармондеҳи пешини неруи дарёии Исроил ҳузур доштанд.

Парвандаи зердарёиҳо, ки дар иртибот бо дарёфти пул тавассути David Shimron, вакили шахсии Натаняҳу дар қарордоди хариди зердарёӣ аз Олмон аст, нахустин бор тавассути аҳзоби мухолифи Натаняҳу ифшо шуд. Аҳзоби мухолиф бар ин бовар ҳастанд, ки Натаняҳу дар ин парванда даст дорад.

Дар ҳамин хусус, Yair Lapid, раиси ҳизби “Yesh Atid”, чанде пеш парвандаи зердарёиҳоро бузургтарин фасоди молӣ дар таърихи Исроил унвон кард.

Дар ин парванда бидуни ин ки Moshe Ya'alon, вазири ҷанги вақти Исроил иттилоъ дошта бошад, маблағи ҳангуфте аз буҷаи вазорати ҷанги Исроил ба як ҳисоби маҳрамона дар Олмон ва сипас ба ҷайби David Shimron, вакили шахсии Натаняҳу интиқол ёфт.

 

 

Барчасп