Тахриби беш аз 50 масҷид ва калисо дар Фаластин
Шаҳракнишинон ва низомиёни саҳюнист дар ҳашт соли гузашта, дастикам 53 масҷид ва килисоро дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин тахриб кардаанд.
Ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, бар асоси тозатарин гузоришҳо аз сарзаминҳои ишғолӣ, шаҳракнишинон ва низомиёни исроилӣ аз соли 2009 токунун, ба таҷовузҳои худ алайҳи амокини муқаддаси мусулмонон ва масеҳиён дар сарзаминҳои ишғолӣ шиддат бахшидаанд .
Коршиносон муътақиданд, режими саҳюнистӣ дар як даҳаи ахир ба таври расмӣ як ҷанги динӣ алайҳи фаластиниён ба роҳ андохтааст .
Нерӯҳои ишғолгари режими саҳюнистӣ ҳамчунин ҳар рӯз бо юриш ба манотиқи мухталифи фаластинӣ дар Каронаи Бохтарии руди Урдун ва Қудс, ҷавонони фаластиниро боздошт ва дар мавориде бидуни ҳеч иттиҳоме ононро зиндонӣ мекунанд.
Бар асоси гузориши ниҳодҳои ҳуқуқии Фаластин, шумори асирони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ба шаш ҳазору 400 нафар расидааст, ки аз ин теъдод, 62 нафар зан ва ҳудуди 300 нафар кӯдакони фаластинии зери синни қонунӣ ҳастанд .