Сентябр 25, 2017 19:03 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Туркия ба оғози ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ

Вазорати умури хориҷаи Туркия дар вокуниш ба оғози ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ, эълом кард, Анкара ин ҳамапурсиро ғайриқонунӣ медонад ва ба расмият намешиносад.

Вазорати умури хориҷаи Туркия субҳи имрӯз (душанбе - 25 сентябр), бо интишори баёнияе, баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқро беарзиш ва фоқиди эътибор донист. Дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Туркия ҳамчунин тасреҳ шудааст, ки чунончи баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ иқдомотеро дар пай дошта бошад, ки амнияти Туркияро ҳадаф қарор диҳад, Анкара ҳамаи тадобири лозимро иттихоз хоҳад кард.

Ба рағми мухолифатҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ва ҳамчунин мухолифати қотеи давлати марказии Бағдод бо баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ, ин ҳамапурсӣ аз субҳи имрӯз (душанбе - 25 сентябр) оғоз шудааст. Дар иртибот бо баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ, дидгоҳҳои мухолифи мутафовите дар ин минтақа иброз шудааст, ки ҳамагӣ ҳокӣ аз иқдоми қобили тааммули раҳбарони феълии курдҳо барои баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ аз Ироқ аст. Ба унвони мисол, Аданон Усмон, коршиноси сиёсӣ ва аз аъзои ҳизби мухолифи "Ал-Тағйир" дар ин иртибот гуфтааст, ин ҳамапурсӣ аз тариқи ниҳоди қонунгузории минтақаи Курдистони Ироқ анҷом намешавад. Зеро парлумони маҳаллии ин минтақа, тақрибан аз 2 сол пеш таътил аст ва ашколе, ки дар бораи баргузории ҳамапурсӣ матраҳ аст, марбут ба замон ва тарафи баргузоркунандаи он аст.

Абдуллоҳ Варти, сухангӯи Ҷунбиши исломии минтақаи Курдистони Ироқ ҳам бар ин бовар аст, ки ҳадаф аз ин ҳамапурсӣ, иттиҳод ва ҳамбстагии сафҳои курдҳо ва ҳалли ихтилофҳо миёни тарафҳои даргир бо якдигар бар сари қудрат дар парлумони маҳаллии минтақаи Курдистони Ироқ ва аз саргирии фаъолияти ин парлумон аст.

Ногуфта намонад, ки тайи рӯзҳои гузашта тамоми мақомҳои низомӣ ва ғайри низомии Туркия ва ҳамчунин раисиҷумҳури ин кишвар мухолифати худро бо баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ, эълом кардаанд.

Ин мухолифатҳо ҳамагӣ нишондиҳандаи нигаронии давлати Анкара аз талошҳои таҷзияталбона дар устонҳои курднишин дар минтақа аст. Бовари раҳбарони давлати Анкара ин аст, ки дар сурати таҷзияи минтақаи Курдистони Ироқ, соири манотиқи курднишин, назири манотиқи ҷанубӣ ва ҷанубу шарқи Туркия низ ба таҷзияи ин кишвар иқдом хоҳанд кард. Ҷамъияти ғолиб дар манотиқи ҷанубӣ ва ҷанубу шарқии Туркия бо курдҳо аст. Дар воқеъ, бештар аз як чаҳорум аз ҷамъияти Туркияро курдҳо ташкил медиҳанд. Бар асоси оморҳои расмии мунташир шуда дар соли 2012 милодӣ , курдҳо беш аз 25 миллион нафар аз ҷамъияти 80 миллион нафарии Туркияро дар ихтиёр доранд. Курдҳо ҳамчунин бузургтарин ақаллият дар Туркия ҳастанд ва ба ҳамин далел аст, ки раҳбарони давлати Анкара баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқро барои Туркия мухотираомез қаламдод мекунанд. Зимни он ки танишҳои ҷорӣ миёни ҳокимияти Анкара бо Ҳизби Коргарони Курдистон Туркия (П. К. К.) мӯҷиб шудааст, ки нигаронии мақомҳои ин кишвар ташдид шавад. Бавижа, ки дар сурати улгубардории курдҳои Туркия аз курдҳои Ироқ, эҳтимоли таҷзияи Туркия низ вуҷуд хоҳад дошт.