Сентябр 26, 2017 13:23 Asia/Dushanbe
  • Паёмбар(с), соҳиби нахустин санади ҷаҳонии эҳтиром ба динҳо

Пажӯҳишгари мисрӣ паймонномаи Паёмбар(с) бо масеҳиёнро нахустин санади ҷаҳонӣ дар заминаи эҳтиром ба динҳои мухталиф хонд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии "Садои араб" , Абдурраҳим Райҳон-мудири идораи таҳқиқот ва мутолиоти бостоншиносии минтақаи шимоли Миср гуфт, паймонномаи Паёмбар(с) бо масеҳиён, ки тасвири нусхаи аслии он дар китобхонаи савмааи Сент Катрин дар кӯҳи Синои Миср нигаҳдорӣ мешавад, нахустин санади ҷаҳонӣ дар заминаи эҳтиром ба динҳо аст.

 Вай таъкид кард,ки дар ин паймоннома усул ва қонунҳо барои ҳимоят аз муқаддасоти масеҳиён ва кумак ба таъмиру бозсозии онҳо ва ҳамчунин таҳқир накардани муқаддасоти масеҳиён тадвин шудааст.

 Ин пажӯҳишгари мисрӣ тадриси мазмуни ин паймоннома, шарҳи он дар конфронсҳои байналмилалии сулҳ ва гирдиҳамоии пайравони динҳои мухталифро хостор шуд.

 Гуфта мешавад паймонномаи Паёмбар(с) бо масеҳиён бо дастури Набии мукаррами ислом ва ба хатти ҳазрати Алӣ(а) дар масҷиди Набавӣ нигориш шудааст.