Сентябр 26, 2017 16:36 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди Эрдуғон хитоб ба курдҳои Ироқ: Гурусна мемонед!

Раисҷумҳури Туркия гуфт: “Замоне ки монеи вуруди мошинҳои боркаш ба шимоли Ироқ шавем, курдҳои Ироқ бо гуруснагӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд”.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия бо ишора ба пофишории курдҳои Ироқ барои ташкили кишвари мустақил эълом кард, курдҳои Ироқ ба дунболи эъмоли таҳримҳои Туркия танҳо хоҳанд монд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон афзуд, замоне ки Туркия аз интиқоли нафт ҷилавгирӣ кунад, ҳама чиз тамом хоҳад шуд ва “вақте ки монеи вуруди мошинҳои маводи ғизоӣ ба шимоли Ироқ шавем, курдҳои Ироқ бо гуруснагӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд”. Урдуғон афзуд, ҷудоии шимоли Ироқ гоми хатарнок аст ва шахси Масъуд Боризонӣ масъули паёмадҳои он аст. Ӯ таъкид кард, “ҳаргиз ҳамапурсии ҷудоии шимоли Ироқро ба расмият нахоҳем шинохт ва бар ғайриқонунӣ будани он таъкид дорем”. Раисҷумҳури Туркия гуфт: “Дар вокуниш ба ҳамапурсии шимоли Ироқ ҳама гузинаҳо, аз ҷумла гузинаҳои низомию иқтисодӣ пешорӯйи мо қарор дорад”.

Иқлими Курдистони Ироқ бо вуҷуди мухолифатҳои ҷиддии кишварҳои минтақа ва низоми байналмилалӣ дар пайи таҷзияи Ироқ ва ташкили Курдистони мустақил аст.

 

Барчасп