Сентябр 27, 2017 11:25 Asia/Dushanbe
  • Занони арабистонӣ пас аз ним қарн ронандагӣ хоҳанд кард

Малик Салмон, шоҳи Арабистони Саудӣ саранҷом тайи фармоне дастури эътои гувоҳиномаи ронандагӣ ба занонро содир кард.

Ба гузориши расонаҳои арабистонӣ, фармони Малик Салмон дар ин хусус 10 моҳ баъд амалӣ хоҳад шуд ва албатта судури ин муҷаввиз шарт дорад.

Занон дар Арабистони Саудӣ аз бисёре аз ҳуқуқи аввалия маҳрум ҳастанд. Бар асоси қонунҳои Арабистони Саудӣ, зан наметавонад ба танҳоӣ сафар кунад, фаъолиятҳои молӣ анҷом диҳад ва ё бидуни иҷозаи ҳамсар ё яке аз наздиконаш назди бархе пизишкон биравад.

Арабистон танҳо кишваре дар ҷаҳон аст, ки дар он ронандагии занон мамнуъ буда ва ин қишр аз соли 1967 то кунун ҳаққи ронандагӣ дар хиёбонҳои ин кишварро надоштааст.

Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ борҳо аз иқдомоти зиддиинсонии ин режим алайҳи занон интиқод кардаанд.

 

Барчасп