Сентябр 27, 2017 21:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати садҳо диишӣ дар амалиёти озодсозии Ҳавиҷаи Ироқ

Ситоди таблиғоти ҷанг дар Ироқ дар баёнияе эълом кард, беш аз 500 тан аз аносури ДИИШ дар марҳалаи аввали амалиёти озодсозии минтақаи Ҳавиҷа, дар шимоли Ироқ ба ҳалокат расиданд.

Ба нақл аз Ирно, дар баёнияи ситоди таблиғоти ҷанги Ироқ омадааст, дар марҳалаи аввали амалиёти озодсозии Ҳавиҷа аз ишғоли ДИИШ, 557 террористи ДИИШ ба ҳалокат расиданд ва ҳудуди 60 мошин ва мотосикли бомбгузорӣ шуда, мунҳадим шудааст .

Ду коргоҳи сохти бомб низ ба таври комил нобуд шуд.

Бар асоси ин баёния, нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ аз ҷумла артиш, созмони мубориза бо терроризм, полиси марказӣ ва нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ 103 русто ва минтақаро аз ишғоли ДИИШ озод карданд.  

Марҳалаи аввали амалиёти озодсозии Ҳавиҷа, муҳимтарин пойгоҳи гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли Ироқ 21 сентябр оғоз шуд.  

Ин амалиёт бидуни мушорикати нерӯҳои пешмаргаи курд ҳамчунон идома дорад .

 

Барчасп