Масъуди Боризонӣ таҳти пайгарди қазоӣ қарор гирифт
Парлумони Ироқ бар асоси мусаввабаи худ, раиси минтақаи Курдистони Ироқи ин кишварро таҳти пайгарди қонунӣ қарор дод.
Ба нақл аз Ирно, Парлумони Ироқ дар ҷаласае вижа, ки нахуствазир ва вазирони кишвар, дифоъ, нафт ва мушовири амнияти миллии Ироқ ҳузур доштанд, мусаввабаи ниҳоии танбеҳи мақомоти минтақаи Курдистони Ироқро ба иллати баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ тасвиб кард.
Тибқи мусаввабаи Парлумони Ироқ, Масъуди Боризонӣ, раиси минтақаи Курдистон ва тамоми авомили иҷроии ҳамапурсии ҷудоӣ, таҳти пайгарди қазоӣ қарор гирифтанд .
Ҳамчунин пайгарди қазоии тамоми коркунони курди шоғил дар идораҳои давлати марказии Ироқ, ки дар иҷрои ҳамапурсӣ ширкат карданд ва бастани тамоми гузаргоҳҳои марзӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ аз дигар мусавваботи танбеҳии парлумони ин кишвар аст .
Ҳар колое, ки аз гузаргоҳҳои марзӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ ба ин кишвар ворид шавад низ колои қочоқ маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин дар мусаввабаи Парлумони Ироқ, ки беш аз 160 намоянда ҳузур доштанд, таъкид шудааст, ки ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ, ки 25 сентябр баргузор шуд, бидуни машруият аст .
Ҳайъати давлати Ироқ низ дирӯз, зарбулаҷали серӯза барои минтақаи Курдистони Ироқ барои таҳвили тамоми гузаргоҳҳои марзӣ ва фурӯдгоҳҳо дар ду шаҳри Ербил ва Сулаймония ба давлати марказии Ироқ таъин карда буд .