Октябр 02, 2017 15:18 Asia/Dushanbe
  • Мақоми собиқи саҳюнист: Арабистон ва Иморот дӯстони ҷадиди Исроил ҳастанд

Вазири ҷанги пешини режими саҳюнистӣ, Арабистон ва Иморотро дӯстон ҷадиди Исроил хонд.

 Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Ал Нашра”, Моша Яълун, вазири ҷанги пешини режими саҳюнистӣ бо мавозеи Арабстон ва Иморотро дар минтақа таъйид кард ва гуфт, манофеи Арабистон ва Иморот ва Исроил бо якдигар ҳамоҳанг шудааст.

Яълун гуфт, бархе дар ҷаҳони араб мухолифи Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия ҳастанд ва дар минтақа дӯстони ҷадиде ҷустуҷӯ мекунанд, ки Иморот ва Арабистон аз он ҷумлаанд.

Ҳамсӯии Арабистон ва режими саҳюнисти дар пайгирии сиёсатҳои зидди муқовимат ва ҳамкории ин ду режим дар ҳимоят аз террористҳо дар минтақа, ҳар рӯз ошкортар ва густурдтар мешавад.

Имороти муттаҳидаи Араб низ сиёсати думболаравӣ аз режими Оли Саудро дар дастури кор дорад.

 

Барчасп