Октябр 02, 2017 18:27 Asia/Dushanbe
  • Идомаи мавҷи боздоштҳо дар Арабистон

Мавҷи боздоштҳо дар Арабистони Саудӣ бо ҳадафи хомуш кардани ҳар навъ фарёди мухолифат бо интиқоли қудрати подшоҳӣ ба Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон ва барномаҳои иқтисодии вай, ҳамчунон идома дорад.

Ин боздоштшудагон аз миёни ақшори мухталифе ҳамчун мубаллиғони мусулмон, ҳунармандон, пажуҳишгарон ва донишгоҳиён, таҳлилгарони сиёсӣ, иқтисоддонон, рӯзноманигорон ва шоирон ҳастанд .

Рӯзномаи Аларабӣ Алҷадид дар бораи идомаи боздоштҳо дар Арабистон навишт: “Фавоз Алғуслон, пажуҳишгари барҷастаи Арабистон ба дунболи изҳороташ дар бораи пирӯзии Шайх Ҷосим Оли Сонӣ, яке аз аҷдоди амири кунунии Қатар дар ҷанг бо Оли Наҳён (хондони ҳуккоми Иморот) дар 130 соли қабл, боздошт ва ба маконе номаълум мунтақил шудааст .

Ба гузориши ин рӯзнома, илова бар касоне, ки бахотири ширкат накардан дар кампини таблиғотии зидди Қатар боздошт шудаанд, даҳҳо нафар аз мубаллиғони Саудӣ низ маҷбур шуданд, бо имзои тааҳҳудномаҳои мактуб эълом кунанд, ки ба ҳеч як аз мабоҳиси сиёсӣ нахоҳанд пардохт .

Ин рӯзномаи арабӣ афзуд: Ҳануз ҳеч кадом аз афроди боздоштшудае, ки гуфта мешавад, беш аз 150 нафар ҳастанд, расман муттаҳам нашудаанд, бархе аз ин афрод ба зиндони Алҳоир дар маркази Риёз ва бархе дигар низ дар хонаҳо ва амокини ношиносе, ки мутааллиқ ба Созмони амнияти давлати Арабистон аст, мунтақил шудаанд .

 

Барчасп