Иллати аслии сафари подшоҳи Арабистон ба Русия чӣ буд?
Як коршиноси масоили Русиядар шарҳи абъоди сафари подшоҳи Арабистон ба Русия гуфт, иллати аслии сафари подшоҳи Арабистон шикатсҳои пай дар пай дар Сурия ва Ироқ аст, ки дар ин росто ниёз ба ҳамроҳии Кремл дорад.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Шуйб Баҳман афзуд, ҳарчанд Арабистон дар садад аст, то рахна ва сардии бавуҷуд омада миёни Риёз ва Маскав аз замони Ҷанги сардро тармим кунад, аммо иллати аслии сафари подшоҳи Арабистон ҷалби ҳимояи Русия аст.
Ӯ бо ишора ба рахна ё сардии эҷод шуда дар равобити Маскав-Риёз афзуд, дар он замон Арабистон иқдом ба ҳимоят аз гурӯҳҳои ҷудоиталаб дар Чечен ва Қафқоз пас аз фурӯпошии Шуравӣ кард ва ҳамин мавзӯ, муҷиб шуд то рахна ва шикоф миёни ду кишвар амиқтар шавад.
Ба гуфтаи вай, бо вуқуи таҳаввулот ва инқилобҳои пайдарпай дар минтақа, саудиҳо талош доштанд Русияро ба воситаи татмеъ ва ҳатто таҳдид дар хусуси масоили минтақаӣ бо худ ҳамроҳ кунанд, ки чунин нашуд ва сардӣ дар равобити ду тараф ҳамчунон пойдор буд.
Вай тасреҳ кард, Риёз талош дошт то дар 65-умин солгарди таваллуди путин ин паёмро ба дунё расонад, ки вориди равобити ҷадид бо Кремлшудааст, аммо сохтори иттилоотии Русия ҳамчунон ба амалкарди саудҳо дар минтақа хусусан дар ҳавзаи таслиҳот ва ҳимоят аз терроризм машкук аст.
Ба эътиқоди вай, ин вазъият дар меҳварҳое монанди нафт ва энержӣ, таъсиргузор буда аст ва русҳо муътақиданд, ки бозигарони авали минтақа дар шароити феълӣ саудиҳо нестанд.
Шуйб Баҳман таъкид кард, ҳарчанд сафари Салмон ба Русия бо меҳварияти Сурия анҷом шудааст, аммо кам шудани қудрати Риёз дар Сурия боис шуд ин сафар бештар ҷанбаи иқтисодӣ ва ниҳоятан намодин ба худ бигирад.