Ҳазинаҳои сафари подшоҳи Арабистон ба Русия
Сафари подшоҳи Арабистон ба Русия агарчӣ ба лиҳози сиёсӣ ва дипломатӣ аҳамияти зиёде дошт, аммо ҳазинаҳои ин сафар низ мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои байналмилалӣ қарор гирифт.
Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорони “Ҷавон”, аввалин сафари подшоҳи Арабистон ба Русия ҳамчун сафарҳои қаблии вай, бо теъдоди зиёде аз чамдонҳои ҳовии асоси манзил ва ҳатто маводи ғизоӣ ва ҳамроҳоне, ки теъдоди онҳоро 1500 нафар зикр кардаанд, барҷаста шуд.
Ӯ ҳамчунин дар ин сафар лавозим ва асосияи манзил, чандин фарш ва як пилабарқии тиллоӣ ба ҳамроҳи 816 кило маводи ғизоӣ бо худ бурдааст.
Ҳайати ҳамроҳи подшоҳи Арабистон ба ҳадде бузург буда, ки барои сукунати онҳо ду ҳутел комил дар шаҳри Маскав иҷора шудааст ва баровард мешавад, суратҳисоби ин ҳутелҳо барои ин ҳайати арабистонӣ ҳудуди се миллион доллар шавад.
Подшоҳи 81 солаи Арабистон дар сафарҳояш ҳамвора ду “Mercedes-Benz s600” ба ҳамроҳи 150 сарошпаз ва 400 тан маҳмула ҳамроҳ мекунад.
Дар ин сафарҳо шоҳзодаҳои арабистонӣ хидматкорони ҳутелро бо хидматкорони шахсии худ ва асосияҳо ва фаршҳои ҳутелҳоро бо амволи шахсии хонадони салтанатии Арабистон ҷойгузин мекарданд, то подшоҳ ва ҳамроҳонаш дар роҳаттарин шароити мумкин басар бибаранд.
Дар ин сафарҳо ҳамчунин як ҳавопаймо ҳамарӯза ба Риёз мерафта, то колоҳоеро, аз ҷумла ҳаҷми азими мева ва гӯшти ҳалол барои ҳайати арабистонӣ ҳамлу нақл кунад.
Бо ин ҳол, дар сафари подшоҳи Арабистон ба Русия ҳамачиз тибқи барнома пеш нарафт, чун замоне, ки вай қасд дошт бо пилабарқии тиллоии худ аз ҳавопаймои шахсиаш поин биёяд дар миёнаи роҳ ин пилабарқӣ дучори нақси фаннӣ шуд ва аз ҳаракат истод.