Октябр 12, 2017 21:12 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи оштии миллӣ байни Фатҳ ва Ҳамос

Ҷунбишҳои Фатҳ ва муқовимати исломии Фаластин- Ҳамос-тавофуқномаи оштии миллиро дар Қоҳира, пойтахти Миср имзо карданд.

Ба нақл аз Ирно, бар асоси тавофуқнома, ки рӯзи панҷшанбе миёни ду ҷунбиши Фатҳ ва Ҳамос ба имзо расид, барои ҳифзи амнияти ғайринизомиёни сокини Ғазза, се ҳазор нерӯи полиси ташкилоти худгардон дар Борикаи Ғазза дар имтидоди марзҳои Фаластини ишғолӣ ва Миср мустақар мешаванд.

Тибқи ин гузориш, Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин қарор аст, то як моҳи дигар роҳии Ғазза шавад.

Дар 10 соли гузашта, ин нахустин бор аст, ки Аббос роҳии Ғазза мешавад.

Музокироти Фатҳу Ҳамос, аз рӯзи сешанбе зери назари Миср барои баррасии вазъияти давлати ваҳдати миллӣ, мушкилоти маишатии мардум дар Ғазза ва мавзуи амният ва гузаргоҳҳои ин минтақа, дар Қоҳира оғоз шуд.

Ҷунбишҳои Ҳамосу Фатҳ дар баёнияе муштарак, гуфтугӯҳои оштии миллӣ дар Мисрро мусбату созанда арзёбӣ карданд.  

 

Барчасп