Афзоиши куштаҳои ҳамлаи террористии ДИИШ дар шарқи Сурия
Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористии ДИИШ дар шимолу шарқи Сурия ба 65 нафар афзоиш ёфт.
Хабаргузории “Рейтерз” ба нақл аз манобеи бемористонӣ дар Сурия эълом кард, террористҳои ДИИШ асри панҷшанбе бо се мошини бомбгузоришуда ба гурӯҳе аз оворагон дар минтақаи Абуфос, байни вилоятҳои Дайр-уз-зур ва Ҳасака, дар шимолу шарқи Сурия ҳамла карда, 65 нафарро куштанд. Дар ин ҳамла даҳҳо тани дигар низ захмӣ шуданд. Манобеи хабарӣ пештар шумори куштаҳоро 18 нафар эълом карда буданд.
Бар асоси гузориши “Рейтерз”, бештари кушташудагон занону кӯдакони оворае буданд, ки аз бими ҷони худ қасд доштанд, манотиқи ноамни Дайр-уз-зур, шарқи Сурияро ба сӯйи манотиқи амнтар дар шимоли ин кишвар тарк кунанд. ДИИШ, ки дар моҳҳои ахир бештари манотиқи таҳти контроли худро дар Сурия ва Ироқ аз даст дода, иҷрои ҳамалоти беҳадафро дар манотиқи мухталифи ин ду кишвар дар дастури кор қарор додааст.