Октябр 23, 2017 20:19 Asia/Dushanbe
  • Кашфи беш аз 100 ҷасади бидуни сар дар Алқаритайни Сурия

Бархе манобеи маҳаллӣ дар Сурия аз кашфи дастикам 128 ҷасад, ки умдаи онҳо бесар ҳастанд, пас аз ақибнишинии ДИИШ аз шаҳри Алқаритайни Сурия хабар доданд.

Ба нақл аз шабакаи “Алъарабия Алҳадас”, ин манобеи маҳаллӣ изҳор доштанд, пас аз вуруди бидуни даргирии нерӯҳои артиши Сурия ба ин шаҳр, беш аз 100 ҷасади бидуни сар кашф шуд .     

Шабакаи хабарии Ской Ниюзи арабӣ низ ба нақл аз маркази ҳамоҳангии шаҳри Палмираи Сурия эълом кард, қатли беш аз 35 ғайринизомӣ бо шиллики гулула ба сабт расида ва аҷсоди онҳо дар яке аз чоҳҳои атрофи шаҳри Алқаритайн кашф шуд .  

Бештари ин афрод ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо нерӯҳои давлати Сурия тавассути ДИИШ кушта шудаанд .

Бо вуруди нерӯҳои давлати Сурия ба шаҳри Алқаритайн, теъдоде ҷасади дигар низ дар хиёбонҳои онҷо ёфт шуд .

Артиши Сурия рӯзи шанбе контроли шаҳри Алқаритайн, воқеъ дар ҳумаи шарқии Ҳимсро аз гурӯҳи террористии ДИИШ пас гирифт .

 

Барчасп