Октябр 24, 2017 18:52 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Риёз аз гузориши ҳуқуқи башари СММ

Арабистони Саудӣ аз гузориши ҷадиди Созмони Милали Муттаҳид, ки Риёз дар он ба иртикоби ҷиноёти ҷангӣ алайҳи кӯдакони Яман муттаҳам шудааст, интиқод кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Русия ал-явм”, Нура ал-Ҷабрин, дабири аввали ҳайати намояндагии Арабистони Саудӣ дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе бо интишори баёнияе зимни интиқоди шадид аз ин созмон муддаӣ шуд, бархе аз марокизу муассисоти барҷастаи байналмилалии фаъол дар Созмони Милали Муттаҳид дар гузоришҳои худ ба нашриёти зард ва омору арқоми мунташиршуда дар ин нашриёт истинод мекунанд. Ал-Ҷабрин дар ин баёния аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, дар ҷамъоварии иттилоот ниҳояти диққатро ба харҷ диҳад, то манобеи мавриди эътимоде ҷиҳати таҳияи гузориш истифода шавад. Дабири аввали ҳайати намояндагии Арабистони Саудӣ ҳамчунин даст доштани Риёзро дар бомбаборони амдии киштзорҳои Яман дар муддати 2,5 соли таҷовузи низомӣ ба ин кишвар такзиб кард.

Иддаоҳои ин мақоми Саудӣ дар ҳолест, ки Созмони Милали Муттаҳид, эътилофи арабии мутаҷовиз ба Яман бо раҳбарии Арабистонро дар феҳрасти кишвару созмонҳое, ки муртакиби ҷинояти ҷангӣ алайҳи кӯдакон шудаанд, қарор додааст.