Ноябр 06, 2017 20:24 Asia/Dushanbe
  • Фирори Бағдодӣ бо таксӣ аз Ироқ ба Сурия

Расонаҳои ироқӣ хабар додаанд, ки Абубакри Бағдодӣ, саркардаи аршади гурӯҳи террористии ДИИШ ҷумъа шаб бо як таксии зардранг аз шаҳристони Рова дар Ироқ ба Сурия фирор кардааст.

Ба нақл аз хабаргузории Ахбор Алироқ, як манбаи иттилоотӣ дар устони Аланбори Ироқ тасреҳ кард: Баъд аз вуруди нерӯҳои ироқӣ ба маркази шаҳристони Алқоим, Бағдодӣ фаҳмид, ки монданаш дар шаҳри Рова зиндагиашро таҳдид ме‌‌кунад .

Ба гуфтаи вай, Бағдодӣ аз аносури ин гурӯҳ дар Алқоим хоста буд, ба ҷанг идома диҳанд, вале онҳо ӯро раҳо карда ва бархе низ бо мошинҳои шахсиашон ба Сурия фирор карданд .

Ин манбаъ, ки хост номаш фош нашавад, афзуд: Саркардаи ДИИШ исрор дошт, то савори мошини зардранг шавад, то касе ба вай шак накунад ва акнун гуфта мешавад, Бағдодӣ дар Дерулзӯр мустақар шудааст .                                  

Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ асри дирӯз парчами Ироқро дар шаҳристони Алқоим, ки ҷумъаи гузашта аз ишғоли ДИИШ озод шуд, ба эҳтизоз даровард .