Ноябр 08, 2017 20:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори маҷомеи байналмилалӣ дар бораи паёмадҳои ташдиди муҳосираи Яман тавассути Арабистон

Дафтари ҳуқуқи башари Созмони милал зимни ҳушдор нисбат ба вуқуи фоҷеа дар Яман аз Арабистон хост, гузаргоҳҳоро боз кунад.

Дафтари ҳуқуқи башари Созмони милал дар баёнияе зимни ибрози нигаронӣ нисбат ба ҳамалоти эътилофи арабӣ ба саркардагии Арабистон алайҳи Яман, дар бораи вуқуи фоҷеа дар ин кишвар ба далели баста шудани тамомии гузаргоҳҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ тавассути Арабистон ҳушдор дод.

Ин дафтар аз Арабистон хост, барои расидани кумакҳои башардӯстона ба Яман гузаргоҳҳоро бозгушоӣ кунад .

Иқдоми Арабистон дар бастани гузаргоҳҳои Яман мисдоқи боризи муҷозоти дастаҷамъии мардуми ин кишвар маҳсуб мешавад. Чун агар шарёни имдодрасонӣ ба Яман бозгушоӣ нашавад, ин масъала барои миллионҳо яманӣ, ки бо гуруснагӣ мувоҷеҳ ҳастанд, фоҷеабор хоҳад буд.

Дар ин замина, Конвенсияи манъ ва муҷозоти куштори ҷамъӣ мусавваби Созмони милал ҳаргуна иқдомеро ҷурм маҳсуб карда ва бар муҷозоти иқдомкунандагон таъкид доштааст.

Ин Конвенсия дар эъломияе тавассути Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид дар авохири даҳаи 1950 ба тасвиб расид. Моддаи аввали Конвенсияи мазкур таъкид дорад, ки қатли ом чи дар замони сулҳ ва чи дар замони ҷанг як ҷурми байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Моддаи дуввуми Конвенсия манъ ва муҷозоти куштори ҷамъӣ низ қатли омро ингуна таъриф кардааст, ки куштори дастаҷамъӣ ба ҳар як аз ин аъмол, ки ба манзури аз байн бурдани тамом ё бахше аз як гурӯҳи миллӣ, қавмӣ, нажодӣ ё мазҳабӣ сурат гирад, итлоқ мешавад .

Бо нигоҳе ба буҳрони Яман метавон мутаваҷҷеҳ шуд, ки Арабистон тамомии шаклҳои қатли омро алайҳи мардуми Яман ба кор гирифтааст ва амалан мардуми ин кишварро ба сӯи як фоҷеаи инсонӣ савқ додааст. Инфиоли маҷомеи байналмилалӣ дар расидагӣ ба ҷиноёти Арабистон дар Яман Оли Саудро дар ташдиди ҷиноёташ густохтар кардааст .

Сиёсатҳои ҷунуномези Оли Сауд моҳияти зидди башарии ин режимро барои ҷаҳониён ошкор кардааст. Эътирозоти фазояндаи афкори умумӣ, маҷомеи байналмилалиро, ки дар баробари ҷиноёти Арабистон дар Яман сукут карда буданд низ ба мавзеъгириҳое алайҳи ин режим дар моҳҳои ахир водоштааст.

Гунҷонда шудани муҷаддади режими кӯдаккуши ҳоким бар Арабистон дар листи сиёҳи ноқизони ҳуқуқи кӯдак ва низ таъкиди дафтари ҳуқуқи башари Созмони милал бар анҷоми таҳқиқоте дар хусуси иқдомоти Арабистон дар муҷозоти ҷамъии мардуми Яман, раванди рӯ ба густариши вокунишҳои ҷаҳонӣ алайҳи режими Саудиро нишон медиҳад.

 

Барчасп