Андешманди тунисӣ: Танишофаринии Арабистон, таҳдиде барои ваҳдати исломӣ ва арабӣ аст
(last modified Sun, 12 Nov 2017 14:44:18 GMT )
Ноябр 12, 2017 19:44 Asia/Dushanbe
  • Андешманди тунисӣ: Танишофаринии Арабистон, таҳдиде барои ваҳдати исломӣ ва арабӣ аст

Андешманди тунисӣ гуфт, мунозиоте, ки Арабистон худро даргири он кардааст, боиси аз ҳам гусехтагии минтақа ва низ ҷавомеи арабӣ ва исломӣ мешавад.

Алсофӣ Саид, андешманди тунисӣ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Алманор гуфт, Арабистон даргири мунозиотест, ки суде надорад ва фақат боиси аз ҳам гусехтагии минтақа, ҷавомеи арабӣ ва дар кул, ҷавомеи исломӣ мешавад .

Саид бо ишора ба иқдомоти ахири Арабистон дар дохилу хориҷи ин кишвар гуфт: Режими Ибни Салмон ба аждаҳое табдил шуда, ки оташи даҳони худро беҳадаф дар ҳоли берун додан аст ва саволи асосӣ ин аст, ки чунин ҳукумате чи тавр метавонад бо ҳамсоягони худ ва кишварҳои дигар зиндагӣ кунад?

Алсофӣ Саид афзуд, саудиҳо бояд бидонанд, ки ҷанг дар Яман ва муҳосираи Қатар, ифои нақши манфӣ ва лаҷоҷат дар раванди сулҳи Сурия, иқдомоти алайҳи Ироқ ва иттиҳомзанӣ ба Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар канори ташкили эътилофҳои машкуку бепоя ва мубтанӣ бар татмиу таҳдид, дигар суде барои онҳо надорад .

Саид тасреҳ кард, Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон бо ҳадафи худнамоӣ дар ҳоли мунзавӣ кардани ин кишвар дар миёни кишварҳои ҳамсоя ва ғайриҳамсоя аст.