Қарордоди Иморот бо ширкати “Локҳид Мартин” барои модернсозии ҷангандаҳои F 16
Вазорати дифои Иморот аз имзоии қарордоде бо ширкати “Локҳид Мартин” ба арзиши 6 миллиард дирҳам (1.63 миллиард доллар) барои модернсозии ҷангандаҳои F 16-и худ хабар дод.
Генерал Абдуллоҳ Алсаид Алҳошимӣ, мудири иҷроии кумитаи низомӣ ва сухангуи нерӯҳои мусаллаҳи Иморот дар як конфронси хабарӣ бо ишора бо имзои қарордоде бо ширкати “Локҳид Мартин” ба арзиши 1.63 миллиард доллар гуфт, ки ҳадаф аз ин қарордод модернсозии 80 ҷангандаи F 16 аст .
Хабаргузории Ройтерс ҳамчунин гузориш дод, ки ширкати ҳавопаймоии Иморот дар ҷарёни баргузории намоишгоҳи ҳавопаймоии Дубай, хариди 10 фарванд ҳавопаймои Боинг 787-10 ба арзиши 12.5 миллиард долларро тақозо кардааст .
Аҳмад ибни Саъид Оли Мактум, раиси Шӯрои идории ширкати ҳавопаймоии Қатар дар ин бора гуфт, ки ҷадидтарин насли ҳавопаймоии Боинг дорои андозаи мутавассит бо баданаи паҳн дар муқоиса бо ҳавопаймои Airbus А350 аст .