Ноябр 14, 2017 18:40 Asia/Dushanbe
  • Шоҳзодаи боздоштшудаи Саудӣ меҳмонхонаҳояшро ба фурӯш гузошт

Як рӯзномаи Лубнон навишт, Валид ибни Талол, шоҳзодаи миллиардери арабистонӣ меҳмонхонаҳои худро дар Бейрут барои фурӯш гузошт.

Рӯзномаи “Дейли стар”-и Лубнон навишт, Валид ибни Талол як ширкати тиҷориро гуфтааст, то барои меҳмонхонаҳои “Four Seasons” ва “Moven Pick” дар Бейрут муштарӣ пайдо кунад.

Ибни Талол меҳмонхона ва ширкатҳои бисёре дар саросари ҷаҳон дорад ва бахше аз саҳмияҳои бисёре аз муассисоти маъруфи ҷаҳонӣ мутааллиқ ба ӯст. Ин шоҳзодаи Саудӣ ҳудуди 10 рӯз пеш дар Арабистон ба иттиҳоми фасод боздошт шуд.