Афзоиши қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Миср
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i25839-Афзоиши_қурбониёни_ҳамлаи_террористӣ_дар_Миср
Телевизиони расмии Миср аз афзоиши шумори қурбониёни ҳамлаи террористӣ ба масҷиди “Арравза”-и рустои Баъралабди шаҳри Ариш, шимоли саҳрои Сино хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 24, 2017 20:06 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Миср

Телевизиони расмии Миср аз афзоиши шумори қурбониёни ҳамлаи террористӣ ба масҷиди “Арравза”-и рустои Баъралабди шаҳри Ариш, шимоли саҳрои Сино хабар дод.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алҷазира”, шумори қурбониёни ин ҳодиса ба 185 кушта ва захмиҳо низ ба 125 нафар афзоиш ёфтааст. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти инфиҷори бомб ва тирандозӣ ба ширкаткунандагони намози ҷумъа дар масҷиди “Арравза”-и рустои Баъралабди шаҳри Аришро бар уҳда нагирифтааст. Аммо ба ҳамин муносибат дар Миср се рӯз азои умумӣ эълом шудааст.

Вилояти Синои Шимолӣ маҳалли аслии фаъолияти тундравҳо, бавижа гурӯҳҳои ифротии вобаста ба ДИИШ аст ва дар он ҷо борҳо ҳамалоти террористӣ  рух додааст.