Август 19, 2016 17:28 Asia/Dushanbe
  • Артиши Сурия дар остонаи пирӯзӣ муқобили террористҳо

Муовини вазири умури хориҷаи Сурия замони пирӯзӣ бар террористҳоро дар ин кишвар наздик донист.

Файсал Миқдод, муовини вазири умури хориҷаи Сурия дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Ал-Бино"-и Лубнон гуфт, артиши Сурия вориди ҷанге бо гурӯҳҳои террористӣ шудааст, ки кишварҳои ҷаҳон ва ба вижа кишварҳои минтақаро таҳдид мекунад ва имрӯз беш аз ҳар замони дигаре ба пирӯзӣ наздик шудааст.

Вай афзуд: "Димишқ талош мекунад бештарин мушорикати миллиро дар ҷанг бо террористҳо ҷалб кунад ва имрӯз ислоҳоти сиёсӣ дар Сурия дар ростои тақвияти ваҳдати миллии ин кишвар аст".

Дар ҳамин ҳол аз Сурия хабар мерасад, нерӯҳои артиши ин кишвар дар идомаи амалиёти зидди террористҳо, се минтақаи дигар дар минтақаи ҷанубии шаҳри Ҳалабро аз ишғоли террористҳои ДИИШ озод карданд.

Ҳамчунин дар ҳамлаи ҷангандаҳои артиши Сурия ба корвони ДИИШ дар ғарби Ҳалаб, дастикам 70 террорист ба ҳалокат расиданд ва шумори дигаре захмӣ шуданд.

Нерӯҳои артиши Сурия имрӯз дар меҳвари минтақаи 1070 дар ғарби Ҳалаб низ ба амалиёти худ барои бозпасгирии ҳамаи сохтмонҳои таҳти ишғоли ДИИШ дар ин минтақа идомаи доданд ва то кунун 80 дарсад аз ин сохтмонҳоро озод кардаанд.

Пойгоҳи хабарии "Алъаҳд"-и Лубнон ҳам гузориш дод, ба дунболи шикасти гурӯҳҳои террористӣ дар Ҳалаб, даҳҳо узви ДИИШ рӯзи ҷумъа аз наздикиҳои ин шаҳр фирор карданд ва вориди минтақаи шарқӣ ва ғарбии Дайраззӯр дар шарқи Сурия шуданд.