Ноябр 29, 2017 20:07 Asia/Dushanbe
  • Мишел Авн: Ҳарирӣ нахуствазири Лубнон боқӣ хоҳад монд

Раисҷумҳури Лубнон гуфт, Саъд Ҳарирӣ нахуствазири ин кишвар боқӣ хоҳад монд.

Мишел Авн дар гуфтугӯ бо рӯзномаи италияии Ластампа гуфт, буҳрони сиёсии ин кишвар дар рӯзҳои оянда поён хоҳад ёфт .

Ду рӯзи пеш Мишел Авн бо сарони бисёре аз аҳзобу гурӯҳҳои лубнонӣ дар бораи шароити кишвар ва заминасозӣ барои оғоз ба кори давлат ройзанӣ ва гуфтугӯ кард ва ин гуфтугӯҳоро мусбату созанда хонд .

Гуфта мешавад, давлати Лубнон ҳафтаи оянда ва пас аз бозгашти Авн аз сафари Италия дубора фаъолияти худро аз сар хоҳад гирифт.  

Саъд Ҳарирӣ, ки чаҳоруми ноябри 2017 дар Арабистон матни истеъфои худро қироат карда буд, бо бозгашт ба Лубнон эълом кард, бино ба дархости Мишел Авн истеъфои худро аз мақоми нахуствазирӣ ба ҳоли таълиқ даровардааст .