Декабр 02, 2017 19:04 Asia/Dushanbe
  • Хабарнигори Ҳааретс: Исроил аз ваҳшитаринҳои рӯйи замин аст

Як хабарнигори исроилӣ ба шиддат аз режими саҳюнистӣ интиқод кард ва гуфт, режими саҳюнистӣ аз ситамкортарин ваҳшиҳои рӯйи замин аст.

Ба гузориши “Фаластин ал Явм”, Гадеон Леви, хабарнигори рӯзномаи « Ҳааретс» дар нишасте, ки як муассисаи австралиёӣ дар ҳимоят аз Фаластин ташкил дода буд, гуфт, Исроил 2 миллиону 500 ҳазор нафарро дар зиндони Ғазза ва ба муддати 10 то 11 сол ҳабс кардааст ва бузургтарин қафас ва зиндони ҷаҳонро дар атрофи Ғазза эҷод кардааст.

Хабарнигори ин рӯзномаи саҳюнистӣ дар идома аз ҷаҳониёни хост аз эътиқоди худ мабни бар ин ки Исроил танҳо давлати демократӣ дар Ховари Миёна аст, даст бардоранд, чаро ки Исроил фақат барои сокинони яҳудияш, демократӣ аст, аммо аз ваҳшитарин давлатҳо дар Ховари Миёна аст.

Пеш аз ин низ, Тавфиқ Абушумр, коршиноси умури Исроил гуфта буд, ин режим, бо иддаоҳои дурӯғ дар мавриди мардуми Ғазза, мехоҳад худро барои ҷаҳониён режими демократӣ ва мардумӣ нишон диҳад, дар ҳоле, ки Исроил бо се ҷанги вайронгар дар борикаи Ғазза, фаластиниҳоро ба хоку хун кашид ва манозили ононро вайрон кард.

Режими саҳюнистӣ бо тадовуми муҳосираи борикаи Ғазза, ки ёздаҳумин соли худро пушти сар мегузорад, ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии сокинони онро ошкоро нақз ме‎кунад ва ин масъала боиси вахомати авзои маишатии ҳудуди 2 миллиону 500 ҳазор фаластинии сокин Ғазза шудааст.

 

Барчасп