Декабр 05, 2017 18:46 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад Абдусалом: Аморот тарроҳи хиёнати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ буд

Муҳаммад Абдусалом, сухангӯи Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман Аморотро тарроҳи хиёнати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури пешини Яман донист.

Ба гузориши шабакаи “Алолам”, сухангӯи Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бо истинод ба номаҳои рамзии миёни Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бо кишвари Аморот гуфт, мутаҷовизон ба Яман бо ширкат дар даргириҳои дохилӣ дар ин кишвар барои тақвияти ҳузури Амрико дар минтақа талош мекунанд. Абдусалом бо ишора ба иқдоми аморотиҳо барои фароҳам кардани муқаддамоти дидори Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бо саудиҳо афзуд, ӯ ҳама роҳҳои гуфтугӯро бо Ҷунбиши Ансоруллоҳ қатъ карда, ба дунболи иқдомоти нигаронкунандае буд. Сухангӯи Ҷунбиши Ансоруллоҳ гуфт, Давлати Наҷоти Миллии Яман хоҳони ҳамкорӣ бо аъзои Ҳизби кунгураи халқи Яман барои муқобила бо душманони мутаҷовиз аст.

Вазорати умури дохилии Яман асри душанбе бо интишори баёнияе хабари кушта шудани Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури пешин ва раиси Ҳизби кунгураи халқи ин кишварро таъйид кард.

 

Барчасп