Умон: Тасмими Трамп дар бораи Қудс беарзиш аст
Вазорати умури хориҷии Умон дар баёнияе эълом кард, тасмими раисҷумҳури Амрико дар бораи Қудс беарзиш аст.
Вазорати умури хориҷии Умон рӯзи ҷумъа дар баёнияе бо ибрози таассуф аз иқдоми Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар робита ба муаррифии Қудс ба унвони пойтахти Исроил ва интиқоли сафорати ин кишвар аз Телавив ба Қудс эълом кард, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бо пойбандӣ ба қавонини байналмилалӣ аз иттихози ҳар гуна тасмиме бар хилофи қатъномаҳои байналмилалӣ парҳез кунад. Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Умон омадааст: “Қатъномаи шумораи 242-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид таъкид дорад, замине, ки Исроил пас аз панҷуми июни соли 1967 (ҷанги шашрӯзаи Исроил бо аъроб) ба тасарруфи худ дароварда, замини ишғолӣ аст”. Вазорати умури хориҷии Умон дар ин баёнияе тасреҳ кард, сарнавишти Қудс бояд ба сокинони он супурда шавад, то дар чорчӯби роҳҳали ниҳоӣ дар бораи он музокира кунанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби чаҳоршанбе бо вуҷуди мухолифатҳои густурдаи минтақаию ҷаҳонӣ Қудсро ба унвони пойтахти режими Исроил муаррифӣ кард, ки ин иқдом ба вокуниши ҷаҳонӣ ва маҳкумияти кишварҳои исломӣ мувоҷеҳ шудааст.