Декабр 09, 2017 19:30 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии мақоми сурӣ аз нақши Эрон дар пирӯзиҳои Сурия

Кордори Сурия дар Испания аз нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кумак ба муқовамати мардум ва давлати Сурия дар баробари терроризм, қадрдонӣ кард.

Милод Атия, кордори сафорати Сурия дар Испания, рӯз шанбе дар гуфтугӯ бо “ИРНА” гуфт, Сурия бо кумаки ҳаётии Эрон муваффақ шудааст, тавтеаи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро шикаст диҳад ва ба пирӯзии ниҳоӣ наздик шавад.

Вай таъкид кард, Сурия ва Эрон, ду кишвари бародар ҳастанд ва як душмани муштарак доранд, ки номи он режим саҳюнистӣ аст, ки ба думболи контроли минтақа аст.

Кордори сафорати Сурия афзуд, ДИИШ бо ҳамдастии маҷмуае шомиле чанад, Амрико, Бритониё, Фаронса ва Арабистони Саудӣ эҷод ва пуштибонӣ шуд ва ҳадафи он, тазъиф ва аз байн бурдани инсиҷом ва ҳамбстагии миллат ва кишвар Сурия буд.

Атия ҳамчунин нақши режими Арабистонро аз оғози буҳрони Сурия, мухарриб донист ва тасреҳ кард, ин кишвар пуштибони гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа аст ва барои бесубот кардани Сурия талошҳои фаровоне мекунад.

Артиши Сурия ва неруҳои муқовамат, 19 ноябр муваффақ шуданд бо озодсозии шаҳри Абу Камол дар ҷануби устони Дайр аз-Зур, дар шарқи Сурия аз чанги ДИИШ, парвандаи ин гурӯҳи террористиро дар Сурия бибанданд.

 

Барчасп