Декабр 10, 2017 15:05 Asia/Dushanbe
  • Эъломи пирӯзии ниҳоии Ироқ бар ДИИШ

Пирӯзиҳо бар ДИИШ дар минтақа идома дорад ва андак замоне пас аз эъломи шикасти комили ДИИШ дар Сурия аз Ироқ хабар мерасад, ки ин кишвар низ ба пирӯзии ниҳоӣ бар Доъиш ноил шудааст.

Ҳайдар Ибодӣ таъкид кард, ки пирӯзии бузург ҳифзи ваҳдату тамомияти арзии Ироқ ва ҷилавгирӣ аз таҷзияи ин кишвар аст, ки ин мавзӯъ намоёнгари таваҷҷуҳи вижаи мақомоти Ироқ ба тавтеаҳои душманони Ироқ дар даврони пасодиишӣ аст. Эъломи пирӯзии ниҳоӣ бар ДИИШ дар Ироқ барги заррини дигаре аз корномаи муваффақи ироқиҳо дар рӯёрӯӣ бо терроризм маҳсуб мешавад. Ҳамкории муштараки мардум, артиш ва давлат омили сарнавиштсоз дар тазъифи ДИИШ ва нобудии он дар Ироқ будааст. Ин дар ҳолест, ки ҳомиёни террористҳо, яъне ҳокимони арабӣ ба саркардагии Арабистон, давлатҳои ғарбӣ ба саркардагии Амрико ва низ режими саҳюнистӣ, ки се ҳалқаи ҳимоятӣ аз терроризмро ташкил додаанд, нобоварона шикасти авомилашонро дар минтақа яке пас аз дигаре шоҳид ҳастанд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар соли 2014 бо ҳимоятҳои молию низомии Амрико ва ҳампаймонони ғарбию арабии ин кишвар, аз ҷумла Арабистон бо ҳамла ба Ироқ бахшҳои васее аз манотиқи шимолию ғарбии ин кишварро ишғол ва ҷиноёти бешуморе анҷом дод. Аз он замон то кунун артиши Ироқ бо пуштибонии нерӯҳои басиҷи мардумии ин кишвар ва соири нерӯҳои муқовимати мардумӣ бештари ин манотиқро аз ишғоли аносири ДИИШ озод ва амалан кори ин гурӯҳи террористиро дар Ироқ ба поён расонд. Бо шикасти ДИИШ дар Ироқ ҳомиёни онҳо, бавижа Амрико, ки манфиатҳои худро дар Ироқ аз дастрафта мебинанд, дар пайи тавтеаҳои ҷадид ҷиҳати пешбурди сиёсатҳояшон дар Ироқ дар марҳалаи пасодиишӣ ҳастанд. ДИИШ ба манзури рӯпӯш кардани шикастҳояш тактикаи рӯй овардан ба ташдиди шарорат, террор ва қатлро барои эҷоди бесуботӣ дар Ироқ ва Сурия дар дастури кори худ қарор додааст. Дар ин замина пойгоҳи интернетии амрикоии “National Interest” низ бо интишори матлабе аз мавзӯи тағйири роҳбурдии ДИИШ пас аз шикасташ дар Ироқ ва Сурия ва рӯй овардан ба фаъолиятҳои “зерзаминӣ” ва кибернетӣ ва низ ташдиди амалиёти террористӣ ҷиҳати идомаи ҳаёти худ ва зинда нишон додани худ хабар додааст. Раёсати ҷадиди террористҳо дар минтақа низ аз ҳимоятҳои Амрико бархурдор аст ва эътилофи ба истилоҳ мубориза бо терроризм ба саркардагии Амрико ба монанди гузашта ҳамроҳиҳои худро бо ДИИШ ҷиҳати идомаи таҳаррукоташ дар Сурия ва Ироқ идома медиҳад. Амрикоиҳо, ки нақшаҳои худро дар Ироқ ва минтақа барбодрафта мебинанд, дар ҳоли тарроҳии сенарияҳои тавтеаомези дигаре дар минтақа ҳастанд ва фитнаандозиҳои сегона, яъне Амрико, ҳокимони арабӣ ва саҳюнистҳо алайҳи Қудс дар ин чорчӯб қобили арзёбӣ аст.

Дар воқеъ, Трамп, ки дар пайгирии сиёсатҳояш дар Ироқ ва Сурия ноком мондааст, ба манзури заминасозӣ барои пешбурди сиёсатҳояш дар абъоди дигар мавзӯи ҷанҷолии интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддас ва ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистиро матраҳ кардааст. Аммо иштибоҳоти пай дар пайи Доналд Трамп дар буъди сиёсати хориҷӣ, ки камтар аз иштибоҳоти ӯ дар арсаи дохилӣ нест, паёмадҳои хатарноке барои Амрика хоҳад дошт, ки камтар аз оқибати нокомиҳояш дар Ироқу Сурия нахоҳад буд. Шиддати эътирозоти ҷаҳонӣ алайҳи Амрико дар пайи иқдоми Трамп баёнгари он аст, ки иқдомоти вай чизе ҷуз манфурии бештар барои Амрико надоштааст ва эътирози бештари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ироқ дар ин чорчӯб қобили арзёбӣ аст. Дар чунин шароит аст, ки Ҳайдар Ибодӣ дар вокуниш ба тасмими ахири раисҷумҳури Амрико дар бораи ба расмият шинохтани Қудси шариф ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ таъкид кардааст, ки ҳеҷ кас наметавонад ҳувияти Қудсро аз он бигирад. Ин мавзеъгирии Ҳайдар Ибодӣ ба манзалаи интиқоди Ироқи пирӯз дар баробари ДИИШ ба сиёсатҳои ҷанҷолию шикастхӯрдаи Амрико дар идомаи ҳимоят аз террористҳо дар минтақа, аз ҷумла режими саҳюнистӣ аст.

 

Барчасп