Ҳушдори мақоми Созмони Милал дар бораи хатари таҷзияи Сурия
Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия, ҳушдор дод, ин кишвар дар сурати даст наёфтан ба сулҳ, бо хатари таҷзия мувоҷеҳ аст.
Ба гузориши “Русия ал Явм”, Стаффан де Мистуро бар лузуми рафъи мавонеи тадовуми гуфтугӯҳо, миёни давлат ва мухолифони сурӣ таъкид кард ва афзуд, барои поён додан ба ҷанг дар Сурия, замоне барои талаф кардан вуҷуд надорад.
Де Мистуро рӯзи сешанбе низ бо интиқоди тунд аз мухолифони сурӣ тасреҳ кард, ки онҳо ҳомии байналмилалӣ надоранд ва бояд воқеъбин бошанд.
Ҳайати вобаста ба мухолифон ба иҷрои баёнияи нишасти мавсум ба "Риёз 2" мабни бар канорагирии Башор Асад қабл аз шурӯи марҳалаи интиқолӣ, исрор дорад.
Давлати Сурия бо радди ин хостаи мухолифон, гуфтугӯи мустақим бо ононро ба таъвиқ андохтааст.
Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Амрико ва Арабистон барои сарнагунии давлати қонунии Башор Асад оғоз шуд.