Декабр 22, 2017 22:20 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи поёнии ҳаштумин нишасти байналмилалии Сурия дар Остона

Намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Туркия дар поёни ҳаштумин даври музокироти худ дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон бо судури баёнияи муштарак бар идомаи ҳамкориҳо барои нобудии комили террористҳо дар Сурия таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Ҳусейн Ҷобири Ансорӣ, Александр Лаврентиев ва Седат Онал (Sedat Onal), музокиракунандагони аршади Эрон, Русия ва Туркия дар поёни ҳаштумин даври музокироти худ дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон барои ҳалли буҳрони Сурия дар баёнияи муштарак таъкид карданд, ба талош барои решакан кардани гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла гурӯҳи террористии ДИИШ, ҳамчунин ҷилавгирӣ аз интиқоли террористҳо ба Сурия идома медиҳанд. Дар ин баёнияи муштарак таъкид шудааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Туркия ба унвони зоминони риояти оташбас дар Сурия ба ҳокимият, истиқлол, ваҳдат ва тамомияти арзии Сурия пойбанд хоҳанд буд.

Ҳаштумин даври музокироти Остона барои ҳаллу фасли буҳрони Сурия рӯзи панҷшанбе дар Остона, пойтахти Қазоқистон оғоз шуд ва шомгоҳи ҷумъа ба поён расид. Даври баъдии нишасти Остона барои ҳалли буҳрони Сурия дар нимаи дувуми феврали соли 2018 баргузор хоҳад шуд. Музокироти Остона ба ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Туркия бо ҳадафи ҳалли сиёсии буҳрони Сурия шакл гирифта, то кунун ҳафт даври музокироти сурӣ-сурӣ дар Остона баргузор шудааст.

 

Барчасп