Декабр 23, 2017 17:19 Asia/Dushanbe
  • Шаш миллиард доллар - арзиши озодии сарватмандтарин шоҳзодаи Арабистон

Мақомҳои саудӣ барои озодии Валид ибн Талол, сарватмандтарин шоҳзодаи Арабистон ҳаддиақал шаш миллиард доллар пул аз вай, дархост кардаанд.

Ба гузориши “Wall Street Journal”, Валид ибн Талол контроли бахши бисёри ширкатҳои байналмилалӣ аз ҷумла “Twitter”, “CT Group”, “Lift”, ҳутелҳои чаҳор фасл, ширкати компютерии “Apple”, ширкати филмсозии “Fox 21st” ва шабакаҳои телевизионии моҳвораии зиёдеро дар Ховари Миёна, дар ихтиёр дорад.

Ӯ соҳиби ҳутели “George V” дар Париж ва ҳутели “Plaza Manhattan” дар Ню-Йорк ва соҳиби як ҳавопаймои мусофирбарии Airbus A389 (бузургтарин ҳавопаймои мусофирбарии ҷаҳон) низ ҳаст.

Бар асоси гузориши муассисаи “Forbes C”, ин шоҳзодаи 62 сола саудӣ, соҳиби як шабакаи иқтисодӣ ва тиҷории бузург ба арзиши беш аз 18 миллиард доллар ва низ соҳиби 95 дарсад аз саҳҳоми подшоҳии Арабистон ба арзиши тақрибии 10 миллиард доллар низ ҳаст.

Режими Саудӣ 11 ноябр, Валид ибн Талолро ба ҳамроҳи 11 шоҳзодаи дигар, чаҳор вазири феълӣ ва даҳҳо вазири пешини ин кишвар ба иттиҳоми пулшуӣ ва ришва дастгир кардааст ва акнун пас аз блока кардан ва мусодираи дороиҳо онҳо, ба думболи боҷгирӣ аз инҳо аст.

Ҳазинаҳои ҳангуфти низомии саудиҳо, таъмини ҳазинаи ҷанги Яман ва касрии 20 дарсадии буҷаи соли 2018, мақомоти Арабистонро ба блока кардани дороии шоҳзодагони ин кишвар водоштааст.