Кушта ва захмӣ шудани шуморе аз яманиҳо дар ҳамалоти саудиҳо
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i27459-Кушта_ва_захмӣ_шудани_шуморе_аз_яманиҳо_дар_ҳамалоти_саудиҳо
Шумори дигаре аз мардуми Яман дар ҷадидтарин ҳамалоти ҳавоии Арабистони Саудӣ кушта ва захмӣ шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 26, 2017 11:37 Asia/Dushanbe
  • Кушта ва захмӣ шудани шуморе аз яманиҳо дар ҳамалоти саудиҳо

Шумори дигаре аз мардуми Яман дар ҷадидтарин ҳамалоти ҳавоии Арабистони Саудӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории давлатии Яман Сабо, ҷангандаҳои Саудӣ рӯзи душанбе беш аз панҷ бор шаҳри Земор дар маркази Яманро бомбборон карданд .

Дар ин ҳамалот, чаҳор нафар куштаву 55 нафар аз кормандону шаҳрвандони яманӣ, ки дар сохтмони устондории Земор ҳузур доштанд, захмӣ шуданд .

Ҷангандаҳои Арабистони Саудӣ ҳамчунин субҳи рӯзи душанбе ба минтақаи маскунии Аср дар Санъо, пойтахти Яман ҳамла карданд, ки дар он ҳамла низ 11 ғайринизомии яманӣ кушта шуданд .

Ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба минтақаи Алҷароҳӣ дар устони Алҳадида дар ғарби Яман низ ба кушта шудани 9 шаҳрванди яманӣ аз ҷумла се зан мунҷар шуд .

Рӯзи якшанбе низ Арабистони Саудӣ хонаҳову мазореи шаҳрвандони яманиро дар минтақаи Нуҳуми устони Санъо мушакборон кард .