Декабр 28, 2017 16:32 Asia/Dushanbe
  • Маъмурияти аслии Русия дар Сурия чист?

Вазири умури хориҷии Русия маъмурияти аслии Русия дар Сурияро ташреҳ кард.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Сергей Лавров дар нишаст бо Аҳмад Ҷарбо, раиси ҷараёни сурии мухолифи “Алғад” гуфт, муборизаи аслӣ алайҳи ДИИШ ба поён расида ва ҳамакунун қатъан ҳадафи муҳими зиддитеррористӣ дар Сурия нобудии Ҷабҳатуннусра аст. Лавров дар бораи Кунгураи гуфтугӯҳои миллии Сурия, ки қарор аст, ба зудӣ дар Сочи баргузор шавад, низ гуфт, ки Маскав шоҳиди ҳимояти густурдае аз ин нишаст будааст. Ӯ гуфт, гурӯҳи террористии Ҷабҳатуннусра барои мубориза бо артиши Сурия кумакҳои хориҷӣ дарёфт мекунад. Лавров тавзеҳ дод: «Артиши Сурия ва ҳампаймонони ин кишвар бо кумаки мо аъзои Ҷабҳатуннусраро аз Сурия берун кардаанд. Бо ин ҳол, онҳо ҳамчунон дар ҳоли муқовимат кардан ҳастанд ва то ҷое ки медонам, ин муқовимат ба воситаи кумакҳое аст, ки аз хориҷ дарёфт мекунанд».