Декабр 31, 2017 18:35 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли бозмондаҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия бо болгардҳои амрикоӣ

Дар ростои сиёсатҳои Вашингтон дар ҳимоят аз ДИИШ, болгардҳои амрикоӣ шуморе аз бозмондаҳои ин гурӯҳи террористиро аз урдугоҳи Алсад дар ҷануби устони Алҳасака (шимоли шарқи Сурия) ба макони номаълуме мунтақил карданд.

Хабаргузории расмии Сурия Сана гузориш дод, гурӯҳҳои террористӣ, ки аз урдугоҳи Алсад мунтақил шуданд, ҳамон террористҳоеанд, ки эътилофи ба истилоҳ байналмилалӣ пеш аз ин, онҳоро аз ҳумаи Дерулзӯр ва аз рустоҳои Алшаитот мунтақил карда буданд .

Болгардҳои амрикоӣ пеш аз ин, дар моҳи ҷорӣ дар ҷануби Алҳасака фуруд омада ва 47 террористи диишии фирориро, ки бархе аз онҳо захмӣ буданд, барои муолиҷа ба маконе дигар мунтақил карданд .

Маркази ҳамоҳангии Русия дар пойгоҳи Ҳамимими Сурия дар 16 декабр эълом карда буд: Эътилофи байналмилалӣ ба саркардагии Вашингтон ҳамкории худро бо бақоёи террористҳои ДИИШ дар Сурия идома медиҳад.

 

Барчасп