Январ 12, 2018 20:41 Asia/Dushanbe
  • Асад: Тавтеаи душман барои таҷзияи Сурия шикаст хӯрд

Раисҷумҳури Сурия гуфт, пирӯзиҳои артиши Сурия боис шуд, то роҳ барои эҷоди субот дар ин кишвар ҳамвор шавад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алминор”-и Лубнон, Башор Асад рӯзи панҷшанбе дар Димишқ дар дидор бо Александр Лаврентиев, намояндаи вижаи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар умури Сурия гуфт, пирӯзиҳои муҳиме, ки артиши Сурия ҳамроҳи Русия ва дигар ҳампаймононаш ба даст овард, боиси шикасти тарҳи душман дар тақсими Сурия ва минтақа шуд. Башор Асад таъкид кард, Ғарб муддатҳо барои тарҳи тақсими Сурия нақша кашида буд. Лаврентиев низ дар ин дидор бар ҳимояти Маскав аз раванди мубориза бо терроризм дар Сурия таъкид кард. Намояндаи Путин ҳамчунин гуфт, Русия ҳама ҳимоятҳои лозимро барои кумак ба давлату миллати Сурия ва ҳифзи ҳокимияти миллии ин кишвар анҷом хоҳад дод.

Ду тараф масоили мухталифе, аз ҷумла музокироти оянда дар бораи Сурия дар шаҳри Сочии Русия ва раванди музокироти давлати Сурия бо мухолифони суриро низ баррасӣ карданд.