Август 23, 2016 15:45 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии ҳайати миллии музокиракунандаи Яман аз Эрон

Раиси ҳайати музокиракунандаи Яман дар музокироти сулҳи Кувейт аз мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баробари масоили Яман қадрдонӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории "Тасним", Муҳаммад Абдусалом, раиси ҳайати музокиракунандаи Яман дар музокироти сулҳи Кувейт бо ишора ба дидори рӯзи душанбеи худ бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Яман ва раиси бахши Халиҷи Форси Вазорати умури хориҷӣ аз мавзеи Теҳрон ҷиҳати тавофуқи миллии анҷомшуда дар Яман ва ташкили маҷлис барои идораи умури ин кишвар ташаккур кард.

Абдусалом ташкили маҷлиси сиёсии Яманро гоми муҳиме ба сӯйи сулҳу костан аз ранҷҳое, ки ба миллати ин кишвар таҳмил шудааст, донист ва афзуд, тавтеагарон мекӯшанд, бо мусодираи ҳуқуқи миллати Яман барои худ машрӯият касб кунанд. Мақоми яманӣ бо ишора ба чолишҳои вазъияти инсонӣ ва иқтисодии ин кишвар, ки душману муздуронаш онро эҷод кардаанд, таъкид кард, ҳамагон бояд барои рӯёрӯӣ бо ин чолишҳо муассисаҳои миллиро сомондиҳӣ карда, дар ин масир гомҳои муассир бардоранд.

Ҳамалоти ҳавоии Арабистон ба Яман аз моҳи марти соли 2015 оғоз шудааст ва то кунун идома дорад.