Январ 18, 2018 15:11 Asia/Dushanbe
  • Илали аҳаммияти интихоботи парлумонии 2018 дар Ироқ

Бо эъломи Комиссияи олии интихоботи Ироқ 143 ҳизб дар қолаби 27 эътилоф дар интихоботи парлумонии отии ин кишвар рақобат хоҳанд кард.

Қарор аст, чаҳорумин давраи интихоботи парлумонии Ироқ дар майи 2018 баргузор шавад.

Нахустин интихоботи парлумонии Ироқ дар соли 2005, дуввумин дар соли 2010 ва сеюмин низ дар соли 2014 баргузор шуда буд.

Нигоҳе оморӣ ба интихоботи 2018 Ироқ ҳокӣ аз коҳиши шумори аҳзобу эътилофҳо ва афзоиши воҷидони мушорикат дар интихобот аст.

Ба лиҳози ҳизбӣ, дар интихоботи соли 2014, 277 ҳизбу ниҳоди сиёсӣ дар қолаби 36 эътилоф ё ба сурати инфиродӣ рақобат карданд.

Дар интихоботи 2018 ҳануз шумори аҳзобе, ки ба сурати инфиродӣ рақобат хоҳанд кард, эълом нашуд, аммо 143 ҳизб дар 27 эътилоф дар ин интихобот рақобат мекунанд.

Коҳиши эътилофҳо метавонад ба манзала рақобатӣ шудани интихобот низ бошад.

Дар интихоботи соли 2014, 21 миллиону 600 ҳазор нафар воҷиди шароит дар интихобот буданд, аммо ин омор барои интихоботи парлумонии соли 2018 ба 24 миллион нафар афзоиш ёфт .

Аз муҳимтарин далоили аҳаммияти интихоботи парлумонӣ дар Ироқ ин аст, ки низоми сиёсии Ироқ, парлумонист.

Таркиби парлумон дар интихоби раисҷумҳурӣ, нахуствазир, раиси парлумон ва ҳамчунин таркиби кобина таъсири зиёде дорад.

Барои мисол, таркиби Парлумони Ироқ дар соли 2010 сабаби бурузи ихтилоф миёни гурӯҳҳои ироқӣ дар интихоби нахуствазир шуда буд, зеро эътилофи Алироқия соҳиби бештарин курсии ҳизбӣ ва эътилофӣ дар интихобот шуда буд, аммо аксарияти парлумонро намояндагони гурӯҳҳои шиӣ ташкил дода, ки мутобиқи урфи мақбул хостори интихоби нахуствазир аз миён шиаён буданд.

Мутобиқи урф ё тавофуқи нонавиштаи гурӯҳҳои ироқӣ, раисҷумҳур аз миёни курдҳо, нахуствазир аз миёни шиаён ва раиси парлумон аз миёни аҳли суннати Ироқ интихоб мешавад .

Яке аз муҳимтарин далоили аҳаммияти хоси интихоботи отии Ироқ ин аст, ки нахустин интихоботи Ироқи пасо-ДИИШ хоҳад буд.

Дуввумин далели аҳаммияти хоси интихоботи отии Ироқ ин аст, ки ин интихобот дар фазое ҷидидӣ аз равобити миёни курдҳо ва давлати марказии Ироқ баргузор хоҳад шуд.

Чигунагии ҳузури курдҳо дар интихоботи отӣ ҳоизи аҳаммияти зиёдест, зеро ҳануз идораи маҳаллии Курдистон натоиҷи ҳамапурсиро лағв накарда ва музокироти ҷиддӣ низ миёни идораи маҳаллӣ ва давлати Бағдод баргузор нашудааст.

Нуктаи поёнӣ ин аст, ки интихоботи парлумонии Ироқ барои қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ низ аҳаммияти зиёде дорад .