Боло гирифтани ихтилофи Иморот ва Арабистон бар сари Яман
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i28849-Боло_гирифтани_ихтилофи_Иморот_ва_Арабистон_бар_сари_Яман
Бо шиддат ёфтани ихтилофоти Арабистон ва Иморот бар сари Яман, Шӯрои интиқоли ҷануби Яман, таҳти ҳимояти Иморот, имрӯз (душанбе) бо ҳадафи барандозии давлати вобаста ба Арабистон, ташкили ҷаласа медиҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 22, 2018 11:25 Asia/Dushanbe
  • Боло гирифтани ихтилофи Иморот ва Арабистон бар сари Яман

Бо шиддат ёфтани ихтилофоти Арабистон ва Иморот бар сари Яман, Шӯрои интиқоли ҷануби Яман, таҳти ҳимояти Иморот, имрӯз (душанбе) бо ҳадафи барандозии давлати вобаста ба Арабистон, ташкили ҷаласа медиҳад.

Аҳмад ибни Барик, раиси Маҷмаи миллии ҷануби Яман, дар Шӯрои интиқоли ҷануби ин кишвар, дар гуфтугӯ бо хабаргузори “Спутник” гуфт, Маҷмаи миллӣ ба Мансур Ҳодӣ ва Аҳмад ибни Дуғр як ҳафта мӯҳлат додааст, то барканории худ ва давлаташро эълом кунад.

Вай афзуд, пас аз поёни мӯҳлати як ҳафтаӣ, гом‎ҳое барои ташкили «давлати ҷанг», бардошта хоҳад шуд.

Ба гуфта вай, дар давлати ҷанг, теъдоди вазирон аз 37 нафар ба 10 нафар коҳиш пайдо мекунад ва ин теъдод вазир дар марҳалаи кунунӣ, кофӣ аст.

Мансур Ҳодӣ дар январи 2015 аз қудрат истеъфо кард, аммо пас аз фирор аз Санъо, дар шаҳри Адан дар ҷануби Яман худро танҳо раҳбари машрӯи ин кишвар хонд.

Шикасти Арабистон дар шимоли Яман, Риёзро бар он дошт, то тавофуқи худро бо Абузабӣ дар бораи тақсими Яман ба ду қисмат лағв кунад ва Мансур Ҳодиро водорад, то масъулони ямании мавриди ҳимояти Иморотро канор гузорад.

Барканории масъулони мавриди ҳимояти Иморот дар Яман сабаб шудааст, ихтилофоти Абузабӣ ва Риёз ба шиддат афзоиш ёбад.