Январ 26, 2018 20:10 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии Русия аз тавтеаи ҷадиди Амрико дар Сурия

Вазорати дифои Русия тавтеаи ҷадиди Амрико дар бораи омӯзиши террористҳо ва дубора фаъол кардани онҳоро дар Сурия фош кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Вазорати дифои Русия рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, низомиёни вижаи Амрико барои созмондеҳӣ ва омӯзиши террористҳо дар Сурия бо ҳадафи ноком гузоштани раванди сулҳ дар ин кишвар талош мекунанд. Дар ин баёния омадааст, террористҳо дар пойгоҳе дар минтақаи Алтанф, ҷануби Сурия таҳти назорати нерӯҳои вижаи Амрико омӯзиш мебинанд. Бар асоси ин баёния, террористҳо барои амалиёт дар манотиқи мухталифи Сурия барномарезӣ мекунанд. Дар ин баёния омадааст, ҳақиқати даст доштани Амрико дар ташкили гурӯҳҳои террористӣ ва ҳимояти молию таслиҳотӣ аз онон барои аз байн бурдани раванди сиёсию мусолиматомез дар Сурия барои ҳама собит шудааст.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Амрико ва ҳампаймононаш барои тағйири низоми Сурия ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд. Бо пирӯзиҳои дурахшони артиши Сурия алайҳи террористҳо дар моҳҳои ахир таҳаррукоти Вашингтон ва муттаҳидонаш алайҳи низоми Сурия вориди марҳалаи ҷадиде шудааст.

 

Барчасп