Январ 30, 2018 19:40 Asia/Dushanbe
  • Тухми мурғ ва кафш – “ҳадия”-и фаластиниҳо ба ҳайати амрикоӣ

Даҳҳо нафар аз фаъолони фаластинӣ бо таҷаммӯъ дар баробари утоқи тиҷорат ва саноати вилояти Байтуллаҳм, ҷануби Каронаи Бохтарии руди Урдун дар эътироз ба ҳузури ҳайати амрикоӣ дар ин утоқ ба самти онҳо кафшу тухми мурғ партоб карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, фаластиниҳо бо таҷаммӯъ дар баробари утоқи тиҷорат ва саноати вилояти Байтуллаҳм зидди ҳайати амрикоӣ ва раисҷумҳури ин кишвар шиор сар доданд. Фаъолони фаластинӣ таъкид карданд, баъд аз тасмими ахири Доналд Трамп, ки Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият шинохт, фаластиниён бояд амрикоиҳоро таҳрим кунанд. Ин фаъолони фаластинӣ ҳангоми хориҷ шудани ҳайати амрикоӣ аз утоқи тиҷорат ва саноати вилояти Байтуллаҳм бо онон даргир шуданд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шашуми декабри соли 2017 Қудсро пойтахти Исроил хонда, ҳамзамон дастури интиқоли сафорати Амрикоро аз Телавив ба Қудси ишғолӣ содир кард.