Январ 31, 2018 21:58 Asia/Dushanbe
  • Сочи, Женеваи дигар барои Сурия

Гуфтугӯҳои миллии сурӣ-сурӣ дар Сочии Русия бидуни дастёбӣ ба натиҷаи мушаххасе поён ёфт.

Нишасти Сочи нишон дод, дастёбӣ ба роҳҳалли сиёсӣ барои буҳрони Сурия дастикам дар кӯтоҳмуддат, баид аст.

Пурсиши муҳим ин аст, ки чаро музокироти сиёсӣ дар бораи Сурия на танҳо пешрафте надорад, балки масири рӯ ба ақибро тай мекунад?

Марти 2018 буҳрони Сурия вориди ҳаштумин соли худ мешавад.

Дар ҳоле, ки террористҳо ва муоризон дар муқобили низоми Сурия дар мавзеи заъфи шадид қарор доранд, аммо пои мизи музокирот бо таваҷҷуҳ ба воқеиятҳои майдонӣ ҳозир намешаванд.

Муоризони сурӣ қасд доранд, шикаст дар майдони низомиро дар майдони сиёсӣ ҷуброн кунанд.

Дар ҳамин росто, ҳатто дар нишасти рӯзи 30 январ дар Сочи Русия ба далели гузоштани парчами Сурия бар мизи музокирот муътариз шуданду нишастро ба ҳошия кашонданд .

Нишасти Сочи нишон дод, даъвои муоризон бо низоми Сурия ҳамчунон дар ҳамон хони аввал қарор дорад.

Муоризони сурӣ на танҳо хостори саҳим шудан дар қудрат ҳастанд, балки барканории Башшор Асад аз қудратро низ бидуни дар назар гирифтани нақши вай дар мубориза бо терроризм ва ҳифзи тамомияти арзии Сурия хостор ҳастанд.

Меҳвари аслии гуфтугӯҳо дар Сочи, чигунагии танзиму тадвини Қонуни асосии ҷадиди Сурия буд, аммо муоризону ҳомиёни онҳо дар паи ин ҳастанд, пеш аз тадвини Қонуни асосии ҷадид ба мавзуоте назири ташкили давлати интиқолӣ ва таъини таклифи вазъияти Башшор Асад бипардозанд.  

Ҳатто шакли баргузории нишасти Сочи низ омили муҳиме дар бе натиҷа мондани он буд.

Нишасти инчунинӣ, ки як ҳадафи сиёсии муҳимеро барои як буҳрони бисёр муҳим пайгирӣ мекунад, бояд бо шумори маҳдуде аз ширкаткунандагон баргузор шавад.

Ин дар ҳолест, ки нишасти Сочи бо беш аз 1500 мушорикаткунанда баргузор шуд.

Нишасти Сочи бистару заминаи лозимро барои табдил шудан ба Женеваи дигар барои Сурия, ки маҷмуае аз нишастҳои бенатиҷа буд, дорад.

Зеро муоризину ҳомиёни онҳо ба хусус ҳомиёни ғарбӣ намехоҳанд, буҳрони Сурия бо ибтикори се кишвари Русия, Эрон ва Туркия поён ёбад .