Шиллики чанд гулӯлаи хӯшаӣ ба пойтахти Сурия
Террористҳо якшанбешаб чанд гулӯлаи хӯшаӣ ба минтақаи Алмаззаи Димишқ, пойтахти Сурия шиллик карданд.
Ба гузориши ИРНА, яке аз ин гулӯлаҳо ба ҳавлии дафтари хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон - ИРНА дар Димишқ исобат кард, ки сабаби шикастани шишаҳои ин дафтар шуд.
Дар ин ҳамлаи террористӣ 15 шаҳрванди сурӣ низ захмӣ шуданд.
Бар асари ин ҳамла ҳамчунин хисоратҳое ба худравҳо ва манозили сокинони ин минтақа ворид шуд.
Гулӯлаи хӯшаӣ дорои даҳҳо ё садҳо сочма ё тиккаи филиз аст, ки метавон онро ба василаи хумпора ё тӯп шиллик кард.
Дар моҳҳои ахир гурӯҳҳои террористӣ пас аз шикастҳои паёпай муқобили артиши Сурия, беш аз гузашта ба ҳамалоти хумпораӣ ва мушакӣ ба шаҳрҳои ин кишвар рӯй овардаанд.
Дар ин ҳамалот теъдоди зиёде аз шаҳрвандони сурӣ, ба вижа занону кӯдакон кушта ва ё захмӣ шудаанд.
Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд.
Артиши Сурия ахиран бо кумакҳои мусташории Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳимояти Русия тавонист парвандаи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар ин кишвар бубандад.