Феврал 06, 2018 16:51 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати

Низомиёни режими саҳюнистӣ Аҳмад Ҷарор, маъруф ба шери Ғазза, аз муборизони гурдонҳои Азолуддини Қисомро, ки аз ҳафтаҳо пеш таҳти таъқиб буд, ба шаҳодат расонданд.

Ишғолгарони саҳюнист Аҳмад Наср Ҷарорро дар даргирӣ дар рустои Ёмун дар атрофи шаҳри Ҷенин ба шаҳодат расондаанд .

Амалиётати артиши саҳюнистӣ барои боздошти Аҳмади Ҷарор, ки ба қатли як хохоми яҳудӣ дар Наблус муттаҳам буд, аз чанд ҳафта қабл оғоз шуда буд. Артиши режими Исроил дар баёнияе эълом кард, хонаеро, ки Ҷарор дар он ҳузур дошт, муҳосира карданду ба маҳзи хориҷ шуданаш ӯро ба гулула бастанд .

Довуд Шаҳоб, масъули дафтари расонаии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин гуфт: шаҳид Аҳмад Наср Ҷарор улгуи шеваи муқовимати асил аст ва мардуми Фаластин дар роҳи ӯ гом бармедоранд .

Фаластини ишғолӣ аз шашуми декабри 2017 дар паи тасмими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои муаррифии Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, саҳнаи даргирии низомиёни саҳюнист бо фаластиниён аст .