Феврал 13, 2018 22:16 Asia/Dushanbe
  • Конфронси байналмилалии бозсозии Ироқ, мулоҳизоту интизорот

Конфронси байналмилалии бозсозии Ироқ душанбе кори худро дар пойтахти Кувайт оғоз кард ва фаъолияти он то чаҳоршанбе идома дорад.

Намояндагоне аз 70 кишвари ҷаҳон ва ҳудуди ду ҳазор ширкати сармоягузорӣ аз кишварҳои мухталиф дар Конфронси бозсозии Ироқ дар Кувайт ҳузур доранд.

Баргузории Нишасти бозсозии Ироқ дар Кувайт фурсате барои таъкиди тааҳҳуди ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба Ироқ аст.

Ин конфронс дар шароите дар ҳоли баргузорист, ки интизорот аз он таҷмии кумакҳои молии манобеи мухталифи байналмилалӣ барои бозсозии Ироқ бавижа дар манотиқи ҷангзада, заминасозӣ барои ироаи роҳҳалли ришаӣ дар мунозиоти дохилӣ, навсозии зарфиятҳои миллии Ироқ, тақвияти бофти иҷтимоӣ, эҷоди тавозуни байни раванди бозсозӣ ва барномаи оштии миллӣ ва ҷазби сармоягузорӣ хориҷӣ аст .

Дар ин чорчуб, манобеи ироқӣ низ эълом карданд, ки кишварашон барои бозсозӣ ҳадди ақал ба 88 миллиарду 200 миллион доллар ниёз дорад.

Нуктаи қобили тааммул онки вайронгариҳои густардаи суратгирифта дар Ироқ танҳо маҳдуд ба гурӯҳҳои террористӣ-такфирӣ набудааст.

Таҳаррукоти ҳомиёни террористҳо дар қолаби эътилофи байналмилалии ба истилоҳ мубориза бо теороризм ба саркардагии Амрико низ хисоратҳои густардаеро ба Ироқ ворид кардааст.

Гурӯҳҳои террористӣ дар воқеъ абзори тахрибгарии қудратҳои мудохилагар ва султаҷуии минтақаӣ ва байналмилалӣ маҳсуб мешаванд.

Нуктаи қобили тааммул дар мавзуи бозсозии Ироқ лузуми мушорикати содиқона ва нигоҳи ғайримашрут доштани ҷомеаи байналмилалӣ ба ин мавзуъ аст.

Дар масъалаи бозсозӣ муҳим аст, ки ин масъала ба баҳонае барои боҷгирӣ аз Ироқ табдил нашавад.

Ин дар ҳолест, Арабистони Саудӣ, мушорикат дар бозсозии Ироқро ба фосила гирифтан аз Эрону таҳрими Қатар машрут кардааст.

Амрикову Туркия низ мавозеъ ва мулоҳизоти хоси худро дар мавриди бозсозии Ироқ доранд.

Аз ҷумлаи дигар шурути бозсозии Ироқ аз сӯи давлатҳои мудохилагар манут кардани ин кумакҳо ба ҳошия рондани Ҳашад Алшаъбӣ (нерӯи басиҷи мардумии Ироқ) аз арсаи сиёсӣ ва дифоии Ироқ аст.

Чунин рӯйкардҳое ба манзилаи коршиканӣ дар масири нақшаи роҳи байналмилалӣ маҳсуб мешавад, ки кумак ба тавсеаи иқтисодии Ироқро дар дастури кори худ дорад .

 

 

 

Барчасп